Тоҷикӣ

ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ПОЙТАХТ

17 Августи 2022, Чоршанбе

17.08.2022. ш. Душанбе. Имрӯз бо ибтикори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба ин муносибат ҳамоиши идона баргузор гардид.
   Дар чорабинии тантанавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳоии касабаи мустақили Тоҷикистон, роҳбарияту кормандони Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, собиқадорони соҳа ва кормандони бахши тандурустии пойтахт ширкат намуданд.
   Тавре зимни баромадҳо зикр шуд, давоми солҳои охир бо таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ва тадбирандешиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи тандурустии пойтахт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони шаҳр бамаротиб беҳтар гардидааст. Ҳамин аст, ки бо истифодаи шароити муҳайёгардида ҳоло дар пойтахт табибон амалиётҳои мураккаби ҷарроҳиро анҷом медиҳанд, дар гузашта барои анҷоми он сокинони кишвар ба муассисаҳои тиббии хориҷи кишвар муроҷиат менамуданд.
   Бояд гуфт, ки табибони пойтахт шабонарӯзӣ фаъолият намуда, барои солимии ҷомеа пайваста саҳм мегузоранд ва дар навбати худ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе онҳо дастгирӣ меёбанд. Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки табибони тоҷик ворисони аслии Сино будани худро борҳо собит намуда, имрӯз низ пайи иҷрои ин рисолати муқаддас ҳастанд.
   Ҳамасола ба муносибати Рӯзи табибон дар пойтахт озмунҳои гуногун ташкил мегарданд, ки “МСШ-ии беҳтарин” “Табиби оилавии беҳтарин” ва ғайра аз зумраи онҳост. Имрӯз ғолибони чунин озмунҳо дастовардҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ низ аз ин намоишгоҳ дидан намуда, бо ғолибон сӯҳбат намуданд.
   Дар идомаи чорабинии тантанавӣ дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» зикр шуд, ки давоми сол шумораи зиёди кормандони соҳаи тандурустӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, корро бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ омӯхтаанд. Дар ин баробар марказҳои тандурустии пойтахт бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иловатан дорои воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ва доруворию лавозимоти тиббӣ гардидаанд. Ҳамзамон бо дастгоҳҳои нодири ташхисию табобатӣ низ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Таъмину навсозии иншооти соҳаи тандурустӣ аз тадбирҳои дигару муассири соҳаи тандурустӣ дар пойтахт гуфта шуд.
   Дар ҷараёни чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ, ки ба муносибати иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардидааст, ба як қатор табибони фаъол, ки дар рушди соҳа ва пешбурди бахши тандурустӣ дар шаҳр саҳми назаррас доранд, унвони Аълочии соҳаи тандурустӣ, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳамзамон ғолибони як қатор озмунҳои касбии соҳаи тандурустии шаҳр низ қадрдонӣ ва ҳавасманд шуданд.
   Дар идомаи чорабинӣ масъулини соҳа ва табибони пойтахт афзуданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳрдории Душанбе барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба ниёзмандон талош менамоянд. Дар фарҷом аҳли ҳунару фарҳанг бо барномаи рангину ҷолиби консертӣ хотири иштирокчиёнро шод намуданд.
 
 
 
 
 

Илова кунед