ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №441 АЗ 22.08.2022
Дар бораи баргузор намудани озмуни шаҳрии «Ҳунарманди сол» дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои банди 29 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 «Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва иҷрои банди 14 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 майи соли 2021, №249 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тољҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Душанбе», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ҳайати Комиссия, харҷнома оид ба баргузории даври шаҳрӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории озмуни «Ҳунарманди сол» тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шавад.
2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани озмуни «Ҳунарманди сол» дар даври шаҳрӣ тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби Фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 26760 (бисту шаш ҳазору ҳафсаду шаст) сомониро тибқи замимаи 3 ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
4. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ