Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №440 АЗ 22.08.2022

22 Августи 2022, Душанбе

    Дар бораи таъсиси Шӯрои рушди саноати шаҳри Душанбе

    Бо мақсади таъмини татбиқи босамари фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022, №309 «Дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022-2026», ҷиҳати таъмини ҳамкорӣ бо бахши хусусии соҳаи саноати шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди саноати шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                             ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Шӯрои рушди саноати шаҳри Душанбе ҳамчун мақоми машваратӣ дар назди Раиси шаҳр таъсис дода шавад.

2. Низомнома ва Регламенти кории Шӯрои рушди саноати шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

3. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор        ҷиҳати таъмини фаъолияти Шӯрои рушди саноати шаҳри Душанбе чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи саноат гузошта шавад.

                                                                                Рустами Эмомалӣ

Илова кунед