ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 1 сентябри соли 2022 дар хатсайри автобусии №13 (кӯчаи Гагарин-маҳаллаи Авул) бе тағйири нақшаи ҳаракат, рақами хати сайр иваз гардида, минбаъд ин хатсайр таҳти рақами 17 фаъолият менамояд.
Дар хатсайри автобусии №17 фаъолияти автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Гагарин, Рӯдакӣ, И. Сомонӣ, А. Сино, А. Ғуломов то маҳаллаи Авул роҳандозӣ мегардад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи "АКИА ОРИЁ" истифода баранд.
Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.