КУМАКИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ ПОЙТАХТ
03 Сентябри 2022, Шанбе
Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳраманд мегарданд.
Дар арафаи таҷлили ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ҷудо намудани маблағ ба имзо расида, тибқи он дар маҷмуъ ба 5 ҳазор нафар, аз ҷумла ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилотӣ барои кўдакони ятим ва бепарастор, инчунин кормандони муассисаҳои роҳсозии шаҳри Душанбе, кумакҳои пулию моддӣ расонида шуд.
Ҳамчунин, дар асоси ин Қарор раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Истиклоли давлатӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳо андешанд.