ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 20 сентябри соли 2022, бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонии иншооти азнавсозии хиёбони Рӯдакӣ, аз канали дереватсионӣ то пайвастшавӣ ба хиёбони Ҳ.Шерозӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт қатъ гардида, муваққатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбарӣ дар ин хиёбон фаъолияткунанда, аз қабили хатсайрҳои автобусии №№4, 33 ва хатсайрҳои микроавтобусии №№21, 24А, 26, 27 ва 34 тағйирот ворид карда шуда, фаъолияти ин хатсайрҳо то ба истифода додани хиёбони мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, Карамов, А.Ҳакимзода ва У.Хайём ба роҳ монда мешаванд. Аз ин лиҳоз, аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Рӯдакӣ истифода баранд.