ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №482 АЗ 16.09.2022
Дар бораи баргузор намудани Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Душанбе-шаҳри имкониятҳои рушди сайёҳии устувор”
Бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва ҷалби бештари сайёҳон ба пойтахти кишвар, инчунин иҷрои банди 60-и Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021, №791 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
ҚАРОР МЕКУНАМ :
1. Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Душанбе-шаҳри имкониятҳои рушди сайёҳии устувор” 27 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Душанбе-шаҳри имкониятҳои рушди сайёҳии устувор”, ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории он тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани конференсияи мазкур тадбирҳо андешанд.
4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 118 610 (яксаду ҳаждаҳ ҳазору шашсаду даҳ) сомонӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи замимаи 3 ҷудо намояд.
5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намояд.
6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе”, рӯзномаи “Паёми Душанбе” қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ