Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №506 АЗ 26.09.2022

26 Сентябри 2022, Душанбе

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба «Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026» дар шаҳри Душанбе.

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2022, №АП-240 оид ба Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                            ҚАРОР МЕКУНАМ: 

1.Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба «Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026» дар шаҳри Душанбе тибқи замима тасдиқ карда шавад. 

2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.

3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                         Рустами Эмомалӣ

Илова кунед