Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: МУВАҚҚАТАН ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ИНТИҚОЛИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР БАЪЗЕ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

17 Октябри 2022, Душанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 октябри соли 2022, №522 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокӣ» дар истгоҳи обтаъминкунии «Кофарниҳон» дар минтақаҳои зерин:

 -ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои  Гулбутта, Қаротегин, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61 ,63, 64, 65, кӯчаҳои Н. Қарабоев, Қаҳҳоров, М. Маҳмадалиев ва А. Наҷмиддин;

 -ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои М. Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебунисо, Чиноро - 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М. Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С. Р. Афардӣ, Улуғбек, У. Зоконӣ, А. Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз бинои КВД «Роҳи оҳан» то КВД «Меҳмонхонаи Душанбе» ва қисмати кӯчаи С. Айнӣ то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯб, интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23-00 рӯзи 19 октябри соли 2022 то соати 24-00 рӯзи  20 октябри   соли 2022 қатъ мегардад. 

    Аз ин лиҳоз, аз Шумо шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоед.

Илова кунед