Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

20 Октябри 2022, Панҷшанбе

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар робита ба иҷрои қарори  Раиси шаҳри Душанбе, №562 аз 19 октябри соли 2022 ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 21 октиябри соли 2022 фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбарии самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тавассути роҳи автомобилгарди минтақаи шимоли пойтахт бо ҷойгиршавии онҳо дар терминали “Чорбоғ” муайян гардида, нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобусии №№52, 19 ва хатсайрҳои автобусии №№3, 29 ва 41 терминали мазкур  муқаррар карда шудааст.

   Аз ин лиҳоз аз сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин  ронандагони воситањои наќлиёти мусофирбари самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хоҳиш карда мешавад, ки минбаъд аз хизматрасонии терминали муосири “Чорбоғ” истифода намоянд.

Илова кунед