Тоҷикӣ

ПАЁМ - КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

12 Январи 2023, Панҷшанбе

12.01.2022. ш.Душанбе. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 декабри соли 2022 доир гардида буд, гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ин навбат бо кормандони соҳаи сохтмон ва роҳ вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохўрии навбатии гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - муовин якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Душанбе, роҳбарони корхонаву муассисаҳои соҳаи сохтмону роҳ ва кормандони Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ аъзоёни гурӯҳи таблиғотӣ изҳор доштанд, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки ҳоло корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони биноҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти иҷтимоӣ торафт вусъат гирифта истодаанд, талабот ба масолеҳи сохтмон, аз ҷумла сангҳои ороишӣ зиёд гардида, як қисми онҳо тоҳанӯз аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд.
Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар Паём Сарвари давлат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе аз оғози соли 2023 марҳила ба марҳила сохта, ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани металлҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар идомаи мулоқот зикр шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.
Масъулин баён доштанд, ки зимни Паёми сарвари давлат таъкид шуд, ки ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.

Илова кунед