ПАЁМ - СУХАНИ САМИМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МУЖДАИ СОЗАНДА ДАР РОҲИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН
ш.Душанбе. 13.01.2023. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишвар, алал хусус наврасону ҷавонон маҳсуб ёфта, ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сазовор дошта бошад: - Таъкид гардид зимни суханронии муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода дар мулоқот бо кормандони КВД «Обу корези Душанбе.
Мавсуф дар идомаи суханронии хеш саҳми беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешрафт, ободию шукуфоии кишвар, дастгирию ғамхориҳои ҳамешагиашон нисбат ба табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон, маъюбону барҷомондагон ва дигар қишри ҷомеа ёдовар шуда, ҳозиринро, баҳри содиқ будан ба кору пайкорашон, даъват намудани ањли ҷомеа ба илмомӯзӣ, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ даъват намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, густариши фазои инноватсионӣ ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Зимни суҳбат вобаста ба самтҳои асосии Паём, қабули пешниҳоди ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қатъномаи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид инчунин зиёд гардидани маоши ҳадди ақал ва нафақаи ятимону маъюбон ба хозирин шарҳ дода шуд.
Дар идома дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада зикр намуданд, ки сарвари давлат дар Паёми навбатии худ пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои муҳиму созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.