Тоҷикӣ

ПАЁМ - РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД!

20 Январи 2023, Ҷумъа

ш.Душанбе. 20.01.2023. Ба хотири шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти кишвар, дар шаҳри Душанбе мулоқоту вохӯриҳои масъулон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбе бо сокинону фаъолон ва кормандони касбу кори гуногун идома доранд. Ин навбат вохӯрии гурӯҳи корӣ, масъулон аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони сохторҳои гуногуни пойтахт бо кормандони ВАО-и кишавар доир гардид.  

     “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунандаи самти сиёсату давлатдорӣ буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад” - Ин нўкта зикр гардид, зимни мулоқоти навбатии масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбе ва  Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Воситаҳои ахбори оммаи кишвар.                                          

   Бо такя ба нуктахои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни  ироаи Паём баён гардида буд, њозирин иброз доштанд, ки “Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият-сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Аз ин рӯ моро мебояд ба қадри неъматҳои истиқлол бирасем ва барои насли ояндаи худ як давлати ободу осуда ва пешрафтаро ба мерос гузорем.”

   Зимни мулоқот масъулин доир ба одобу ахлоқи ҳамида дар кору фаъолият ва фарҳанги либоспӯши ибрози андеша карданд.

   Аз кормандони ВАО даъват карда шуд, ки дар муборизаҳои иттилоотӣ ҳушёриро аз даст надода, барои пурра намудани фазои иттилоотӣ ва пос доштани арзишҳои миллию суботи сартосарии кишвар бо таҳияи барномаҳои таҳлилӣ ва гузоришхои саривактӣ саҳми худро гузоранд.

   Ҳамчунин дар доираи 4-ҳадафи стратегии кишвар ва нақшаву  барномаҳои таҳиягардидаи 35-солагии истиқлоли давлатӣ изҳори назар карда шуд. Гуфта шуд, ки “Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.”

   Дар идомаи мулокот иброз гардид, ки ташаббуси пешгирифтаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомали бобати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт барои тозагии муҳити атроф шароити созгорро муҳайё сохта симои Душанбешаҳрро боз ҳам зебо мегардонад. Аз ин ру аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки  дар муаррифии имкониятҳо ва зебоиҳои пойтахт саҳмгузор бошанд. 

   Дар идома дигар мавзӯъҳои дар паём дарҷгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Зимни тавзеҳи нуктаҳои муҳим ва ҷанбаҳои гуногуни паём зикр шуд, ки Паёми Пешвои миллат моҳияти марҳилавӣ ва барномавӣ дошта, бозгӯи марҳилаи рушди устувори  кишвар мебошад.

   Тавре иброз гардид, таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои гуногуни ҷомеа қарор гирифтааст.

Илова кунед