Тоҷикӣ

ПАЁМ – ҲУҶҶАТИ РАҲНАМОСОЗ

23 Январи 2023, Душанбе

ш.Душанбе. Дар пойтахт Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022» ба имзо расидааст. Дар асоси нишондоди Қарори мазкур ҳоло дар шаҳр ташкили мулоқотҳои судманд идома дорад. Ин навбат мулоқоти аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони ноҳияи Сино баргузор шуд. Ҷамъомад дар толори Литсейи Президентӣ бо сокинони шаҳраки 11, маҳаллаҳои Дӯстӣ, Мовароуннаҳр ва Ҳаёти нави ноҳияи Сино роҳандозӣ шуд. Зимни баромади масъулин таъкид шуд, ки ҳифзи иқтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҳамчун самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар маркази таваққуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум дар ин самт стратегияву барномаҳои мушаххас қабул ва мавриди амал қарор доранд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид гардид, ки «ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 дар соли 2022 то 14,7 миллиард сомонӣ ё 62 фоиз зиёд гардид». Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022- 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин дар Паём иброз гардид, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Илова кунед