АҲАМИЯТИ ИРОАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРӢ
ш.Душанбе. Зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо соли 2022 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Ин ва дигар нуќтањои асосии паём дар мулоќоти навбатии масъулони МИХД-и ш. Душанбе бо сокинони махаллахои гуногуни пойтахт мавриди барраси карор гирифт: Дар доираи ташкили мулокоту вохурихои рохбарияти МИХД шахри Душанбе оид ба шарху тавзеҳи мохияти паёми Президенти кишвар ин навбат мулоқоти масъулин бо сокинони мањаллањои Чиноро-1,2 ва Кооперативи моликони манзили №5-и ноњияи н. Шоњмансур сурат гирифт. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шањри Душанбе Сиљоуддин Саломзода ва намояндагони сохторхои шахри ки шомили гурухи кори буданд, иштирок доштанд. Президенти мамлакат ҳамзамон иброз доштанд, ки бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд. Бояд гуфт, ки бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб меравад. Хамчунин зимни суханронии худ директори муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе ќайд карданд, ки мубориза бар муқобили хурофоту ифротгароиро Сарвари давлат яке аз вазифаҳои муҳимтарину афзалиятноки мақомоти амнияти миллӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату ниҳодҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла аҳли маориф, сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин зиёиён, падару модарон, фаъолон, ходимони дин ва тамоми ҷомеа арзёбӣ намуданд. Бо дарназардошти густариши таҳдидҳои глобалӣ – терроризм ва экстремизми байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакатро вазифадор намуданд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва маҳорату малакаи касбӣ, омодагии ҷангӣ, сатҳи саводу маърифатнокӣ, донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, инчунин маданияти касбии кормандони соҳа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии хавфу хатарҳои терроризму экстремизм ба амнияту суботи ҷомеа, ҳолатҳои воридшавии ашхос ва гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳудуди мамлакат ва пешгирӣ аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову экстремистӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.