Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №51 АЗ 09.02.2023

09 Феврали 2023, Панҷшанбе

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалӣ намудани «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» дар шаҳри Душанбе барои марҳилаи якум (солҳои 2023-2024)

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №484 «Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

                                                           ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалӣ намудани «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» дар шаҳри Душанбе барои марҳилаи якум (солҳои 2023-2024) тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шавад.

2.Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе,  раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои   сохтори дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе татбиқи нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.

3.Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

4.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                Рустами Эмомалӣ

Илова кунед