Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №65 АЗ 20.02.2023

20 Феврали 2023, Душанбе

   Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2026

   Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №631 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026”, инчунин таъмини шароити мусоид баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

                                                               ҚАРОР МЕКУНАМ :

   1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2026 тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2026-ро аз ҳисоби маблағҳои пешбинигардида барои соҳаи сайёҳӣ дар соли 2023 маблағи 190 000 (яксаду навад ҳазор) сомонӣ ҷудо намуда, дар солҳои минбаъда ҳангоми таҳияи буҷети шаҳри Душанбе маблағҳои муайянгардидаро пешбинӣ намояд.

4. Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур муайян гардида, ҳамасола то охири моҳи декабр аз ҷараёни иҷрои он ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                 Рустами Эмомалӣ

Илова кунед