Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №80 АЗ 28.02.2023

28 Марти 2023, Сешанбе

Дар бораи таъсиси стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе

Бо мақсади дастгирии наврасону ҷавонони лаёқатманду эҷодкор мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

                                                                ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.

2. Низомнома, ҳайати Комиссия ва харҷномаи стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

3. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози амалигардонии стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе муқаррар карда шавад.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе тибқи ҳарҷномаи замимагардида барои пардохти ҳамасолаи стипендияҳои мазкур  маблағи заруриро ба Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудогардидаро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарор ва ҳамасола натиҷаҳои стипендияи мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

7. Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июни соли 2017, №363 «Дар бораи таъсис додани стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе» аз эътибор соқит карда шавад.

8. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                Рустами Эмомалӣ

Илова кунед