Тоҷикӣ

МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО САРДОРИ ДЕПАРТАМЕНТИ ИҚТИСОДИ ХОРИҶӢ ВА РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ МОСКВА

03 Марти 2023, Ҷумъа

ш.Душанбе.03.03.2023. Имрӯз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал бо вазири Ҳукумати Москва – роҳбари Департаменти иқтисоди хориҷӣ ва робитаҳои байналмилалии шаҳри Москва Черёмин Сергей Евгеневич мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои шаҳри Душанбе ва шаҳри Москва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо идомаи ҳамкориҳои судмандро дар доираи Барномаи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Москва муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи мулоқот ҳамсуҳбатон атрофи масъалаҳои тақвият ва густариш додани робитаҳои бевоситаи иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахшҳои воқеии рушди иқтисодӣ табодули андеша карданд.
Дар ин зимн ҷонибҳо алоқамандии тарафайнро ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ таъкид намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои сафари роҳбарияти шаҳри Москва ба шаҳри Душанбе ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби робитаҳои шарикии Душанбею Москва таҳким мебахшад.

Илова кунед