ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №90 АЗ 06.03.2023
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум
Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 17 марти соли 2023, соати 900 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ - 40 даъват карда шавад.
2. Ба рӯзномаи иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
2.1. Дар бораи таъмини иҷрои нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба муҷаҳҳаз намудани инфрасохторҳои партовгоҳҳо, қабули саривақтӣ ва кашонидани партовҳои сахти маишӣ.
2.2. Дар бораи иҷрои «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027».
2.3. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №21.
2.4. Дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии №21.
2.5. Дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.
2.4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.
- Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
- Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то санаи 14 марти соли 2023 таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Н. гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ