Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №91 АЗ 06.03.2023

06 Марти 2023, Душанбе

Дар бораи баргузор намудани фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ва вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ»

                                                             ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе аз ҳафтаи сеюми моҳи март то ҳафтаи дуюми моҳи апрели соли 2023 баргузор карда шавад.
  2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баргузории Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1, ҳайати Комиссияи шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони Фестивали шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» тибқи замимаи 2 ва сметаи хароҷотии фестивал тибқи замимаи 3 тасдиқ гардида, Комиссия фаъолияти худро дар асоси  Низомномаи гузаронидани фестивал тибқи замимаи 4 ва меъёрҳои муайян намудани ғолибони фестивал тибқи замимаи 5 ба роҳ монад.
  3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна фестивал ва то 18 марти соли 2023 ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  4. Комиссияи шаҳрӣ натиҷаҳои фестивалро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи Комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 25 марти соли 2023 ҷамъбаст намуда, тибқи муқаррарот ба Комиссияи ҷумҳуриявии фестивал пешниҳод намояд.
  5. Аз ҷониби Комиссияи шаҳрӣ ғолибони фестивали шаҳрӣ барои ҷойи якум бо «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, барои ҷойи дуюм бо «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7 000 (ҳафт ҳазор) сомонӣ ва барои ҷойи сеюм бо «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 000 (панҷ ҳазор) сомонӣ сарфароз гардонида шаванд.
  6. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мукофотонидани ғолибони фестивали шаҳрӣ аз рӯи панҷ номинатсия 112550 (як саду дувоздаҳ ҳазору панҷсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намояд.
  7. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
  8. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  9. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва рафти фестивалро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

       10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                 Рустами Эмомалӣ 

Илова кунед