ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №100 АЗ 07.03.2023
Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 ва тасдиқи Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади татбиқи самарабахши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №630 «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №630 тасдиқ карда шудааст, ба инобат гирифта шуда, Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 дар шаҳри Душанбе тибқи замима тасдиқ карда шавад.
- Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои алоқаманди мақомотҳои марказӣ амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин намоянд.
- Раёсати Кумитаи њолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози амалисозии Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 дар шаҳри Душанбе муаяйн карда шуда, оид ба рафти амалисозии Барнома ва Нақшаи амали он ҳар сол то 15 декабр маълумот пешниҳод намояд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарор ва рафти амалисозии Нақшаи амали онро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ