ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №128 АЗ 10.03.2023
Дар бораи баргузор намудани сеюмин Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе
Ҷиҳати татбиқи банди 13 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2023, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2022, №719 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ аз ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт рӯзҳои 14 – 17 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе сеюмин Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории фестивал ва ҳайати Кумитаи тадорукот тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.
3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи тадорукот якҷо бо сохторҳои дахлдор барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани фестивал дар шаҳри Душанбе тадбирҳои амалӣ андешанд.
4. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории фестивали мазкур муқаррар карда шуда, ҷиҳати ташкилу ҷамъбасти он чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намояд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ