Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №141 АЗ 18.03.2023

18 Марти 2023, Шанбе

Дар бораи баргузор намудани Фестивал-намоишгоҳи ёздаҳуми  автомобилҳои  коллексионии «Авто-ретро Душанбе»

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивал-намоишгоҳи ёздаҳуми автомобилҳои коллексионӣ дар майдони «800 солагии Москав»-и назди Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» ва бар ин васила дастгирӣ намудани ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат»,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

                                                     ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба Клуби дӯстдорони автомобилҳо ва мототсиклҳои нодир ва эксклюзиви Тоҷикистон - «Авто-ретро эксклюзив» санаи 24 июни соли 2023 аз соати 1600 то 2200 дар майдони              «800 солагии Москав»-и назди Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» ҷиҳати баргузор намудани Фестивал-намоишгоҳи ёздаҳуми автомобилҳои коллексионии «Авто - ретро Душанбе» иҷозат дода шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, воҳидҳои дахлдори сохтори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва раиси ноҳияи Шоҳмансур баҳри дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивал-намоишгоҳи ёздаҳуми автомобилҳои коллексионӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ» ва нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ зимни баргузории чорабинии мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

4. Шуъбаи итилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

                                                                                          Рустами Эмомалӣ

Илова кунед