ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №153 АЗ 31.03.2023
Оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2023» дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №802 «Дар бораи Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра», мактуби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2023, №357/4-01(4) ҷиҳати омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2023», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2023» дар шаҳри Душанберо дар ҳайати замимагардида таъсис дода, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2023» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявиро таъсис дода, ҳуҷҷатҳои зуруриро тибқи рӯйхат ба Комиссияи шаҳрӣ то 7 апрели соли 2023 пешниҳод намоянд.
3. Раиси Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2023» дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми кори комиссия то 10 апрели соли 2023 рӯйхати ягонаи ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ