Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №159 АЗ 03.04.2023

03 Апрели 2023, Душанбе

Дар бораи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ва иҷрои банди 81 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2023, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2022, №719 тасдиқ шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 2 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

                                                            ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ таъмин намоянд.

3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                          Рустами Эмомалӣ

Илова кунед