ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №169 АЗ 07.04.2023
Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд миёни наврасони пойтахт барои дарёфти «Ҷоми шаҳри Душанбе»
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ иҷрои банди 6 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 апрели соли 2023, №159 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»
ҚАРОР МЕКУНАМ :
1. Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд миёни наврасони пойтахт барои дарёфти «Ҷоми шаҳри Душанбе» дар майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдаконаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз 9 то 15 апрели соли 2023 баргузор карда шавад.
2. Тартиби баргузорӣ ва харҷномаи баргузории мусобиқа тибқи замимаҳои № 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимагардида маблағи 49475 (чилу нуҳ ҳазору чорсаду ҳафтоду панҷ) сомонӣ ҷудо намояд.
4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ», Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, раисони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт барои даъват ва ҷалби дастаҳои футболи наврасон тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ доир гардидани мусобиқаи мазкур чораҷӯӣ намоянд.
5. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе», ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ» ва бехатарӣ аз сухтор чораҳои зарурӣ андешанд.
6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ