Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №183 АЗ 11.04.2023

11 Апрели 2023, Сешанбе

Дар бораи баргузор намудани даври дуюми Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 4 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва иҷрои банди 4 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 январи соли 2023, №20 «Дар бораи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо барои соли 2023», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                                   ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ҳайати Комиссия, харҷнома оид ба баргузории даври шаҳрӣ, нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе-сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби Фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 34360 (сиву чор ҳазору сесаду шаст) сомониро тибқи харҷномаи замима гардида ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

4. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе- сарпарасти соҳа гузошта шавад. 

                                                                                         Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед