Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №170 АЗ 07.04.2023

07 Апрели 2023, Ҷумъа

Дар бораи баргузор намудани Ниммарафони XIII байналмилалии Душанбе ба муносибати «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе»

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе», таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,

                                                                Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

1. Низомнома, ҳайати Кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва ҳисобномаи хароҷоти Ниммарафони XIII байналмилалии Душанбе ба муносибати «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» тибқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.

2. Кумитаи тадорукот 15 апрели соли 2023, соати 900 Ниммарафони XIII байналмилалии Душанберо мутобиқи хати дави муайянгардида доир намояд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт барои ташкили Ниммарафони XIII байналмилалии Душанбе мутобиқи харҷномаи замимагардида 552 120 (панҷсаду панҷову ду ҳазору яксаду бист) сомониро ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

4. Кумитаи тадорукот дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи И.Сомонии шањри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ доир намудани чорабинии зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5. Бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе Раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд.

6. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустӣ, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини иштироки ҷавонону варзишгарон, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ» ва нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

7. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» якҷо бо муассисаи давлатии «Телевизиони Варзиш» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва рафти татбиқи чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                               Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед