Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ СЕНЗДАҲУМИН НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-ШАҲРИ ДУШАНБЕ

15 Апрели 2023, Шанбе

ш.Душанбе. 15.04.2023. Имрӯз бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии      Тоҷикистон-шаҳри Душанбе Ниммарафони XIII байналмилалӣ баргузор гардид. Мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, дар асоси татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.

    Иштирокчиёни чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  шодбош намуда, зикр дошт, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе нахустин мусобиқаи миллии кишвар мебошад, ки дар рӯйхати мусобиқоти Асотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидааст.

  Дар Ниммарафони XIII байналмилалии Душанбе иштироки варзишгарон аз кишварҳои Қазоқистон, Узбакистон ва Эфиопия, инчунин алоқамандону варзишгарони касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, аз қабили кормандони сафоратхонаҳо, намояндагони дипломатӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ширкат варзиданд.

   Варзишгароне, ки ҷойҳои 1-ум то 6-умро байни мардон ва занҳо ишғол нмуданд, дар алоҳидагӣ бо мукофотпулӣ аз 39200 сомонї (3500$), 33600 сомонї (3000$), 28000 сомонї (2500$), 22400 сомонӣ (2000$), 20160 сомонӣ (1800$), 16800 сомонӣ (1500$) ва диплому ҷом дар толори Кохи Суруш қадрдонӣ карда мешаванд.

   Ниммарафони байналмилалии Душанбе соли сездаҳум аст, ки бо мақсади рушду инкишофи намуди варзиши сабук, таъмини оммавияти варзиш, дарёфти беҳтарин марафончиён дар масофаҳои дур ва таҳкими дӯстию ҳамкорӣ миёни варзишгарони шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ ва робитаҳои иқтисодиву маърифатӣ баҳри таҷлили шоистаи Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад.

   Ниммарафони мазкур сол то сол хусусияти хосро ба худ касб намуда, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гаштааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар низоми баргузории чорабиниҳои варзишии кишвар нахустин шуда, дар тақвими Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ба қайд гирифта шуда, ба хатсайри он моҳи ноябри соли 2013 Сертификати мутобиқати роҳ дода шуд.

  Ниммарафони XIII байналмилалии Душанбе-2023 аз назди Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳи Пойтахт” тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то гардиши собиқ дидбонгоҳи БДА “Чорбоғ”, бозгашт то кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ-Карамов ва бурриши кӯчаи Карамов-хиёбони Рӯдакӣ то анҷом майдони “Дӯсти” дар масофаи 21 км 097 метр баргузор менамояд.

   Ҳамин тариқ, пас аз тай намудани масофаи зикргардида, ғолибон муайян гардиданд.

 Миёни мардҳо:

Ҷойи якум-    Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)

Ҷойи дуюм-   Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

Ҷойи сеюм-    Ҳелманов Рахимжан (Қазоқистон)

Ҷойи чорум-  Самариддин Азимов (Тоҷикистон)

Ҷойи панҷум- Зуҳуршоҳи Наҷмиддин (Тоҷикистон)

Ҷойи шашум- Меҳроб Одинаев (Тоҷикистон)

 

Миёни занҳо:

Ҷойи якум -    Тунгускова Екатерина (Ӯзбекистон)

Ҷойи дуюм-    Улиана Кузминова (Тоҷикистон)

Ҷойи  сеюм-    Ғаффорзода Зулҳиҷҷа (Тоҷикистон)

Ҷойи  чорум-   Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон)

Ҷойи  панҷум- Баротова Маҳина (Тоҷикистон)

Ҷойи шашум-  Маҳкамбекова Марҷона (Тоҷикистон)

 

  Хотиррасон менамоем, ки аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2009 баргузор гардида буд.

 

Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе (солҳои 2010-2022)

 

Мардон:

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Россия)

2012 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2013 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Россия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)

2022 - Тоо Лазанес (Кения)

Занон:

2010 – Надежда Поволяева (Россия)

2011 – Алёна Самохвалова (Россия)

2012 – Камила Ханипова (Россия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Россия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 - Даря Маслова (Қирғизистон)

2022 - Течу Бекелу Абебе (Эфиопия)

Илова кунед