ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе ба таваљљуњи сокинон ва мењмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 28 апрели соли 2023, бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмири ва васли шабакаҳои муҳандисӣ дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Соҳилӣ (дар масофаи 0,7 км) ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт қатъ гардида, мувақатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари ба ин масир фаъолияткунанда, аз қабили хатсайри автобусии №81 ва хатсайрҳои микроавтобусии №№ 1, 3, 5А, 30, 42, 52, 57, 58, 81 ва 88 тағирот ворид карда шуда, фаъолияти ин хатсайрҳо то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кўчаҳои Ҷанубӣ, М.Қосимов, Фирдавсӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад.
Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Соҳилӣ истифода баранд.