ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №216 АЗ 24.04.2023
Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаи Соҳилӣ
Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонии иншооти «Барқарорсозии каллектори канализатсияи ҷанубӣ», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Бо инобати анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Соҳилӣ аз кӯчаи Фирдавсӣ то кӯчаи Ҷанубӣ аз 28 апрели соли 2023 то 18 августи соли 2023 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда шавад.
- Вобаста ба муқаррароти банди 1 қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамот-расон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки дар кӯчаи Соҳилӣ аз кӯчаи Фирдавсӣ то пайвастшавӣ ба кӯчаи Ҷанубӣ мегузарад, тавассути кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар муваққатан тағйироти дахлдор ворид намоянд.
- Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези шаҳри Душанбе» вобаста ба тағйири самти ҳаракати нақлиёт дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёт таъмин намоянд.
- Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас андешад.
- Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези шаҳри Душанбе» барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда чораҳои зарурӣ андешад.
- Роҳбарони идора, ташкилот, муассиса, корхона ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вазифадор карда шаванд, ки бобати ҳалли масъалаҳои марбут ба хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба пудратчӣ - Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж» ҳамаҷониба ҳамкорӣ намоянд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи нақлиёт гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ