ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №232 АЗ 03.05.2023
Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва эҷодиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи замима тасдиқ карда шавад.
2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иҷрои самараноки нақшаи чорабиниҳоро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.
3. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози нақшаи мазкур муқаррар гирдида, якҷо бо сохторҳои дахлдор иҷрои саривақтии онро таъмин намоянд.
4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниҳоро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ