АЁДАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945 ВА РАСОНИДАНИ КУМАКПУЛИҲО
05 Майи 2023, Ҷумъа
Ҳамасола дар доираи тадбирҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи ғалаба ба Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба иштирокчиёни набардҳои нобаробари ин ҷанг, ки ҳоло дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, туҳфаҳои пулӣ тақдим карда мешавад. Зимни аёдати шахсӣ имсол низ чунин иқдоми иҷтимоӣ мавриди амал қарор гирифт.
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе айни замон 6 нафар иштирокчии ҷанг зиндагӣ менамоянд. Аёдати иштирокчиён аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ оғоз гардид. Дар заминаи хабаргирии бевосита намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр туҳфаҳои пулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарияти ноҳияро расониданд.
Гуфта мешавад, ки анҷоми чунин амалҳои хайр қадрдонии хизмати онҳо дар муҳофизати Ватан-Модар мебошад. Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони баруманди миллат дар роҳи ҳифзи Ватан дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар амал татбиқ мегарданд
Дар ҳошияи ин тадбирҳо гурӯҳи намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе ва раиси ноҳияи Сино дар солгарди навбатии таҷлили ғалаба дар ҶБВ ба аёдати иштирокчиёни ин ҷабҳаи нангу номус рафтанд. Инчунин ба ҳар як иштирокчӣ кӯмакҳои пулӣ, аз ҷумла ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 6000 ҳазор сомонӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва 3000 сомонӣ аз номи роҳбарияти ноҳияҳои шаҳр тақдим карда шуд.
Ҳамин тариқ, аз ин тӯҳфаҳои пулӣ, дар умум 3 нафар иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Сино баҳраманд гаштанд. Дар ноҳияи Фирдавсӣ низ чунин тадбирҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ шуд. Зимнан таъкид шуд, ки хизматҳои ин фарзонафарзандони миллат ҳеҷ гоҳ фаромуш намешавад ва кору пайкори онҳо барои насли наврас барои ҳамешагӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ боқӣ мемонад. Иштирокчиёни ҶБВ ҳам дар навати худ ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгириву ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи хосаву пайваста миннатдорӣ намуданд.