Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №247 АЗ 10.05.2023

10 Майи 2023, Чоршанбе

Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас»

 Бо мақсади иҷрои банди 46 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2023, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2022, №719 тасдиқ гардидааст, инчунин ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдод, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу вањдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигарӣ, табодули иттилоъ ва таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ,  марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон, театр ва ансамблҳои кӯдакона ва  дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                             ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1.  Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас» рӯзҳои 26 – 30 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
  2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оиди омодагӣ ва баргузории Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас», ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии он (замимаҳои 1, 2 ва 3) тасдиқ карда шаванд.
  3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас» тадбирҳои амалӣ андешанд.
  4. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории фестивали мазкур муқаррар карда шавад.
  5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби сарфаи маблағҳои барои соҳаи маориф пешбинишуда, ҷиҳати ташкил ва баргузории Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас» маблағи 353 010 (сесаду панҷову се ҳазору даҳ) сомониро тибқи харҷномаи замимагардида ба суратҳисоби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
  6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва ҷараёни амалишавии онро тариқи васоити ахбори омма таъмин намоянд.
  7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                Рустами Эмомалӣ

 

 

 

Илова кунед