ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №272 АЗ 19.05.2023
Дар бораи баргузор намудани даври дуюми Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои банди 10 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва иҷрои банди 10 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 январи соли 2023, №20 «Дар бораи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо барои соли 2023», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ҳайати Комиссия, харҷнома оид ба баргузории даври шаҳрӣ, нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби Фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 8310 (ҳашт ҳазору сесаду даҳ) сомониро тибқи харҷномаи замимагардида ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
4. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории Фестивали мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе- сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ