Тоҷикӣ

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ҚИШРҲОИ ГУНОГУНИ ҶОМЕА ВОБАСТА БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

20 Июни 2023, Сешанбе

ш.Душанбе. 20.06.2023. Имрӯз дар доираи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар се ноҳияи пойтахт: Сино, Сомонӣ ва Шоҳмансур мулоқоти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, савдо, занон, раисони шаҳраку маҳаллао, имомхатибон, ҷавонони фаъол, иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар фаъолони ноҳияҳо баргузор гардид.
Дар мулоқотҳо муовинони Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Абдураҳмон Абдураҳмонзода баромад намуда, ҷашни Ваҳдати миллиро яке аз ҷашнҳои муқаддасу сарнавиштсоз арзёбӣ карда, таҷлили ин санаи муқаддасро шукргузорӣ аз оромӣ ва ваҳдати сартосарии кишвар маънидод карданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиён аз саҳми арзандаи Пешвои миллатро дар барқарор намудани сулҳ дар давраи ҳассосу нобасомониҳо ёдовар шуда, корнамоиҳои ин абармарди дунёи сиёсатро намунаи олии давлатдорӣ ва сулҳи бамиёномадаро намунаи олии сулҳоварӣ барои ҷаҳониён таъкид доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди ба даст овардани Ваҳдати комил тамоми бахшҳои ҳаётан муҳими кишвар, ки дар ҳоли нестшавӣ буданду кишварро хатари нобудшавӣ фаро гирифта буд, маҳз бо дастгириву ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар рушд карда, Тоҷикистон ба кишвари воҳид табдил дода шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин дастовардҳои Ваҳдату истиқлоли кишвар дар ҳудуди ноҳия ва шаҳр зикр гардида, нақши Сарвари оқилу кордон дар сарҷамъии миллат ва умед ба ояндаи кишвар бузургу муассир арзёбӣ карда шуд.
Фаъолони ноҳияҳо низ аз хизматҳои Пешвои Миллат дар роҳи расидан ба Ваҳдату ягонагӣ ва сулҳи деринтизор ёдовар шуда, муҳаббату самимияти хешро нисбат ба ин неъмати бебаҳо тавассути шеру сухан иброз доштанд.
Имрӯз, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар низоми сиёсии ҷаҳон рӯйдоди воқеан беназир буда, барои кишварҳои зери сояи ҷангу низоъ қарордошта намуна ва мактаби омӯзиш барои ҳалли низоъҳои дохилӣ тавассути гуфтушунид ва мусолиҳа мебошад.

Илова кунед