РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: МУЛОҚОТ БО РАИСИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁ ШАЙХ САЛМОН ИБРОҲИМ АЛ-ХАЛИФА
20.09.2019. Имрӯз Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Шайх Салмон Иброҳим Ал-Халифа, ки бо сафари корӣ дар ҷумҳурии мо меҳмон мебошанд, мулоқоти самарабахш анҷом доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Роҳбарони Ассотсиатасияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, аз ҷумла ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди футболи Тоҷикистонро ба таври муфассал баррасӣ намуданд.
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Шайх Салмон Иброҳим Ал-Халифа ба дастовардҳои футболи тоҷик ва ба хусус сатҳи ҳамкориҳои Конфедератсияи футболи Осиё бо Федератсияи футболи Тоҷикистон баҳои баланд дод.
"Барои ман сафари мазкур ба Тоҷикистон хеле муҳим аст. Зеро Федератсияи футболи Тоҷикистон тӯли солҳои охир ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. Пешравии футбол дар кишвари Шумо аз фаъолияти пурмаҳсули Федератсияи Футболи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад"-таъкид намуданд Шайх Салмон Иброҳим Ал-Халифа дар ҷараёни мулоқот.
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё аз оғози пурсамари фаъолияти дастаи миллии Тоҷикистон дар вохӯриҳои Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F", ки бар дастаҳои миллии Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шудааст, махсус ёдовар шуданд.
Шайх Салмон Иброҳим Ал-Халифа изҳори итминон намуд, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ сифати рушди футболро дар минтақа баланд бардошта, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар навбати худ ба Президенти Конфедератсияи футболи Осиё барои таваҷчуҳи доимиашон ба футболи тоҷик арзи сипос намуда, таъкид карданд, ки минбаъд низ ба рушди футбол дар Тоҷикистон ва умуман дар Осиёи Марказӣ диққати махсус медиҳанд.
Рустами Эмомалӣ изҳор доштанд, ки бо мақсади рушд ва инкишофи футбол дар қитъаи Осиё ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Конфедератсияи футболи Осиё таҳкиму тавсеа меёбанд.
Шайх Салмон Иброҳим Ал-Халифа ба дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки минтақаи Осиёро дар Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразилия намояндагӣ мекунад, барору комёбӣ орзу намуд.
Дар вохӯрӣ Роҳбари Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубу-Шарқӣ генерал-майор Хиев Саметх иштирок намуд.
Дар ҷараёни музокирот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.