Тоҷикӣ

МУЛОҚОТИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲР БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ “KRIT”-И ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

23 Августи 2023, Чоршанбе

ш.Душанбе, 23.08.2023. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Сиҷоуддин бо ҳайати ширкати «KRiT»-и Санкт - Петербурги Федератсияи Россия доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «KRiT»-ро баррасӣ намуданд.
Вобаста ба самти фаъолияти ширкати русии «KRiT» ва имкониятҳои ду кишвар, муовини Раиси шаҳри Душанбе ба роҳ мондани ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ, таҳияи барномаҳои электронӣ ва пешбурди лоиҳаҳои шаҳри ҳушманд дар шаҳри Душанбе ба манфиати ҳар ду ҷониб арзёбӣ карданд.
Дар мулоқот доир ба роҳандозии ҳамкорӣ дар дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо иброз гардид.

Илова кунед