ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОӢ ТАЪЛИМӢ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
31.08.2023. ш.Душанбе. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои муассисаи таълимии Гимназияи хусусии ба номи Марям Зиёеваро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии Гимназия аз се ошёна иборат буда, барои 340 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Бино дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Гардӣ» бунёд ёфта, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ЉСК «Шањрофар» анҷом дода шудааст.
Бинои таълимӣ дорои 19 синфхона, утоқ барои машғулиятҳои гурўҳӣ, бунгоҳи тиббӣ, утоқи техникӣ, хонаи омўзгорон, утоқи шуъбаи техникӣ, китобхона, толори фарҳангӣ, толори варзишӣ барои 50 нафар, ошхона барои 50 нафар ва толори маҷлисӣ барои 40 ҷойи нишаст мебошад. Дар синфхонаҳои иловагӣ шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шуда, бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз гардидаанд.
Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар атроф ва саҳни бинои иловагии таълимӣ низ бо сатҳу сифати хуб ба анҷом расида, дар атрофи он гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.
Раиси шаҳри Душанбе бо масъулин суҳбат намуда, онҳоро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ва таъмини шароити таълимӣ диққати бештар зоҳир намоянд.
Ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муассисаи томактабии №15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Раиси шаҳри Душанбе нахуст бо бардоштани парда ба кори муассиса оғоз бахшида, бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар он шинос гардиданд.
Муассиса аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 100 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ соли 2022 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи замони муосир ба анҷом расонида шуд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 20 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад.
Муассисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ЉДММ «Партнёр» бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи имрӯза ба роҳ монда шудааст.
Дар саҳни муассисаи нави таълимӣ айвонча, ҳавзи тобистонаи шиноварӣ ва гӯшаҳои махсус сохта шудаанд, ки барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакон хеле мувофиқанд.
Раиси шаҳри Душанбе бо масъулин суҳбат намуда, аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки ҳамаи ин ғамхориҳо баҳри ояндаи дурахшони насли наврас фароҳам оварда шуда, дар ҷавоб ба ин наврасону ҷавононро мебояд хуб таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун фарзандони содиқ ба халқу Ватани худ хизмати шоиста намоянд.