МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ВАРЗИШГАРОН
ш.Душанбе. 18.09.2023. Имрӯз Раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар 19-умин Бозиҳои Осиёӣ иштирок мекунанд, вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ дар баробари варзишгарон роҳбарияти кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, федератсияҳои варзишӣ ва мураббиён ширкат намуданд. Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёӣ аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ҳанжоуи Чин доир гардида, дар он варзишгарони 45 кишвари қораи Осиё ширкат мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 118 варзишгар дар 19 навъи варзиш баромад хоҳад кард.
Зимни суханронии худ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз намуданд, ки варзиш яке аз василаҳои пайвандгари халқу миллатҳо буда, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ он ҳамчун ҷузъи муҳими низоми арзишҳои фарҳангии халқу миллатҳо баромад менамояд ва кишварҳои ҷаҳон тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун баҳри муаррифии рукнҳои фарҳангии худ ва ҳифзи манфиатҳои миллиашон талош меварзанд.
Пешвои миллат аз рӯзи аввали соҳибистиқлолӣ соҳаи варзишро таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории бевосита қарор додаанд. Варзишгарони тоҷик давоми 6 соли охир дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмиалӣ ширкат варзида, сазовори 33538 медал гардидаанд, ки аз ин шумора 12654 ададашро медали тилло ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ 6450 маротиба парчами давлатӣ парафшон ва 2000 маротиба суруди миллӣ садо додааст, ки боиси ифтихори миллати тоҷик мебошад.
Лозим ба таъкид, ки аз ҷониби Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиёи Ҳангжоу нишони тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Солҳои охир бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар баробари фароҳам овардани шароити муносиб ба варзишгарон инчунин қабл аз сафари онҳо ба мусобиқаҳои бузург чунин мулоқотҳои судманд ва муаррифии либосҳои расмӣ сурат мегирад. Ин маротиб низ бо ташаббуси Роҳбарияти олии кишвар либосу лавозимоти варзишӣ бо рангҳои парчами давлатӣ ороёфта омода гардида, ба варзишгарон тақдим карда шуданд.
Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар мусобиқаи болозикр қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ки тибқи он ба гирандагони медали тилло хонаи 3 ҳуҷрадор, медали нуқра 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1 ҳуҷрадор тақдим мегардад.
Дар Бозиҳои осиёии навбатӣ Парчамбардори мунтахаби Тоҷикистон ҷудокори №1-и сангинвазнҳои ҷаҳон, паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов интихоб шуд. Ӯ аз номи кулли ҳайати иштирокчиён баромад намуда, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгирии пайваста ва ҳамаҷонибаашон миннатдорӣ ва сипосмандии ҳамаи варзишгаронро расонид ва иброз намуд, ки варзишгарони иштирокчӣ барои ин бозиҳо омодагии хеле хуб дидаанд ва талош менамоянд, ки зинаҳои ифтихориро соҳиб гарданд ва парчами Тоҷикистони азизро баланд бардоранд. Ҳамзамон серҷоизадортарин варзишгар дар таърихи иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ ва қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио де Жанейро-2016 Дилшод Назаров ба сухан баромада, зикр кард, ки шарту шароити тамрин ва дастагирии варзишгарон нисбат ба солҳои пешин бамаротиб беҳтар шуда, онҳо ҷавобан ба ин кӯшиш мекунанд, то хазинаи варзишии кишшварро бо медалҳо аз Бозиҳои осиёӣ пур кунанд.
Дар фарҷоми чорабинии гусели варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои осиёӣ Парчами хушранги давлатро Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов - парчамбардори дастаи варзишгарони Тоҷикистон тақдим намуда, ба онҳо барору музафаррият ва комёбиҳоро таманно намуданд.