Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №461 АЗ 01.09.2023

01 Сентябри 2023, Ҷумъа

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои бозиҳо ва мусобиқаҳои кушоди варзишии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 32–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 32–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушду равнақи варзиш ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, инчунин иҷрои протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июли соли 2023, №18, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

                                                          Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

  1. Нақшаи чорабиниҳои бозиҳо ва мусобиқаҳои кушоди варзишии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ҳайати кумитаи тадорукот тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
  2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои варзишӣ барои даъват ва ҷалби варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе якҷо бо Муассисаҳои давлатии «Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ» – и шаҳри Душанбе, федератсияҳои варзишӣ ва сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани бозиҳо ва мусобиқаҳои зикршуда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
  4. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе» ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои беҳдоштӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ доир гардидани чорабиниҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
  5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаҳои мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                   Рустами Эмомалӣ

Илова кунед