ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №488/1 АЗ 18.09.2023
Дар бораи ҳавасманд гардонидани иштирокчиёни 19-умин Бозиҳои тобистонаи Осиё
Бо мақсади ҳавасманд гардонидани варзишгарон ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ, мутобиқи моддаҳои 19, 20 ва 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ба иштирокчиёни 19-умин Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки дар Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор мегардад, барои ишғоли ҷойи якум манзили истиқоматии сеҳуҷрадор, ҷои дуюм манзили истиқоматии дуҳуҷрадор ва ҷойи сеюм манзили истиқоматии якҳуҷрадор аз ҳисоби моликияти коммуналии шаҳри Душанбе тариқи ройгон ҳамчун моликияти хусусӣ дода шавад.
2. Муассисаи давлатии «Маркази баҳисобгирӣ ва идораи фонди манзил»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе додани манзилномаи «Манзили шахсӣ»-ро ба ғолибон таъмин намояд.
3. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Маркази баҳисобгирӣ ва идораи фонди манзил»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба маълумотҳои баҳисобгирии фонди манзил тағйироти дахлдор ворид намоянд.
4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
6. Назорати иҷроиши қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ