Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: МУВАҚҚАТАН ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ИНТИҚОЛИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР БАЪЗЕ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

16 Октябри 2023, Душанбе

   Ҷиҳати тиаъмини банди 2-и сархати а-и қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Худҷореъ», «Фишорӣ»,  «Кофарниҳон» ва «Ҷанубӣ-Ғарбӣ»”аз 16 октябри соли 2023, №563 дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизотҳо интиқоли оби нӯшокӣ дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» аз соати 22-00 рӯзи 16 то соати 24-00 рӯзи 17 октябри соли 2023 дар суроғаҳои зерин;-

-ноҳияи И.Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.  Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

-ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон-1 ва 2, кӯчаҳои Д.Халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак.Рақабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77;

-ноҳияи Сино, маҳаллаҳои  10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон - 1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;

-ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шањракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидињии шаҳри Душанбе қатъ мегардад.

Бинобар ин аз ҳамаи сокинони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба миқдори зарурӣ захира намудани обро дар давоми як шабонарӯз ба инобат гиранд.

 

Илова кунед