"ҶИЛВАИ РАНГҲО": ҶАШНВОРАИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ ВА МУОСИР
ш.Душанбе. 26.09.2019. Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Майдони 800-солагии Москваи пойтахти мамлакат даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо" доир гардид.
Фестивали "Ҷилваи рангҳо" ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон ва мардон ва риояи тарзи пӯшидани онҳо дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбути Раиси шаҳри Душанбе созмон дода шудааст.
Ҷашнвораро бо сухани муқаддамотӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе М.Муинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Дар даври шаҳрии фестивали “Ҷилваи рангҳо” ғолибони ин барномаи фарҳангӣ аз қисматҳои ноҳиявии пойтахт иштирок карда, барномаи зебои ҳунарӣ - намоишии либосҳои миллӣ ва муосири тоҷикиро пешкаши иштирокдорони ҷашнвора намуданд.
Ҷашнвораи либоси миллӣ ва муосир ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги либос ташкил гардида, ҳунари волои халқи тоҷикро дар дӯхти либосҳои миллӣ таҷассум месозад.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории Фестивали "Ҷилваи рангҳо" анъана ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро эҳё намуда, иштирокчиёни он - тарроҳону дӯзандагон, эҷодкорону рассомон, чеварону ҳунармандон ва дигар хорҳишмандони ин касб, ҳунари волои худро ба алоқамандону дӯстдорони либосҳои тоҷикӣ муаррифӣ карданд.
Вазифаи асосии Фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо" ҳар чӣ бештар тарғиб кардани либосҳои миллӣ ва муосири ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, ба истеҳсоли навъҳои гуногуни матоъҳои ватанӣ вобаста ба фаслҳои сол мусоидат менамояд.
Дар доираи ин ҷашнвораи фарҳангӣ чорабиниҳои зайл, аз қабили дӯхтани либосҳо бо тарзу усулҳои хоси маҳал, ривоҷу равнақи истеҳсоли либосҳои ҷавобгӯи талаботи замони муосир, густариши фаъолияти тарроҳию дӯзандагӣ, рушду инкишофи корхонаҳои хурди дӯзандагиву истеҳсолии либосҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъсис ва рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, арҷ гузоштан ба меҳнати ҳунармандон, тарроҳон ва эҷодкорон, ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии фаъолияти ҳунармандон, тарроҳон, дӯзандагон, эҷодкорон, рассомон, қаламкашону наққошон баргузор гардиданд.
Фестивали "Ҷилваи рангҳо" дар 8 (ҳашт) бахш, аз ҷумла либосҳои қадима ва муосири кӯдакону наврасон, либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ, либосҳои рӯзмараи ҷавондухтарон, бонувон ва модарон, либосҳо барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ (протоколӣ), либосҳои фароғатӣ ва либосҳо барои хона ва корхона созмон дода шуд.
Иштирокдорони ҷашнвора, ки аксаран духтарону бонувон ва ҷавонони Душнбешаҳри зебоманзар мебошанд, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ сару либоси тоҷикиро вобаста ба касбу кор, ороишоти миллӣ ва ҳунари волои рақсу суруд пешкаши ҳозирин намуданд.
Фестивал аз ҷониби Кумитаи тадорукот натиҷагирӣ шуда, ғолибон бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ ва "Сипоснома"-ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.