Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

03 Ноябри 2023, Ҷумъа

ш.Душанбе. 03.11.2023. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома дар маҷмӯъ 33 масъала мавриди баррасии аъзои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шуданд.
Нахуст, дар доираи масъалаи ташкилӣ лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси интихоби Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид бамасъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ гардид.
Аъзои Шӯро бо тартиби муқарраргардида Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ»-ро, ки дар шакли қонунҳои мукаммал қабул карда шудаанд, инчунин, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи ҷаласа пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ ва иваз намудани номи он ба Заҳматобод, инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеъ, мавриди муҳокимаи аъзои Маҷлиси миллӣ қарор гирифта, ба баррасии иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардиданд.

Илова кунед