Тоҷикӣ

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

16 Ноябри 2023, Панҷшанбе

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қиғизистон, Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар шахсони расмӣ самимӣ истиқбол гирифтанд.

Илова кунед