Тоҷикӣ

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

02 Октябри 2019, Чоршанбе

  ш.Душанбе. 01.10.2019. Имрӯз бо ташабусси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ба номи Акашариф Ҷӯраев бо мақсади  иҷрои  Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ» чорабинии тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарони чор ноҳияи пойтахт ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид.        

Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Латифзода, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, раисони чор ноҳияи шаҳри Душанбе - Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини  сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳаи кор бо ҷавонон, роҳбарони комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, падарону модарони даъватшудагон иштирок доштанд.

Ҳамоиши мазкурро муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати огози даъвати тирамохи аз номи  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрик  гуфта, ба ихтиёриёни ҷавон барои ҳозир шудан ба комисариатҳои ҳарбӣ сипосу миннатдорӣ намуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки «хизмати Ватан-модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Сол то сол сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд, торафт меафзояд.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани дараҷаи хизмат ва фароҳам овардани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад».

Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба даъватшудагон, ки аз чор ноҳияи шаҳр иштирок доштанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардид.

Дар маросим гусел барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ волидайни сарбозони оянда суханронӣ намуда, ба наваскарон барои хизмати содиқонаву софдилона ба Модар-Ватан дуои хайр намуданд.

Дар Қарори Раиси шаҳри Душанбе комиссарҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он муваззаф гардидаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал, пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

Ҳамчунин тибқи қарори мазкур  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе  уҳдадор гардидаанд, ки  миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.

Чун анъана аз ҷониби муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр дар назди меҳмонону навдаъватшудагон маросими «Нонгазон» сурат гирифт.

 Дар ҷараёни ин маҳфили хотирмон дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои пойтахт бо дастагули мусиқии иборат аз савту навоҳои дилнишин ва суруду таронаҳои дилангез хотири иштирокчиёни чорабинии фарҳангиро болида намуданд.

Илова кунед