ПАРЧАМ - РАМЗИ ШИНОХТ ВА МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ
ш.Душанбе.24.11.2024. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҳидоятҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлили намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт таҳти унвони “Парчам - рамзи шинохт ва муаррифгари миллат” доир гардид.
Роҳмаймоӣ аз назди Шаршараи Наврӯзгоҳ оғоз гардида, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, хиёбони Исмоили Сомонӣ бо зинапояҳои Осорхонаи миллӣ то майдони Парчами давлатӣ дар масофаи беш аз 2 километр идома ёфта дар зиёда аз 20 ҳазор нафар аз ҳисоби роҳбарият, масъулин ва кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, вазорату идора ва корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ноҳиявию шаҳрии соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳизбиёни фаъол, варзишгарон, гирандагони стипендияҳо, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо дар умум ҷавонони саодатманди пойтахт иштирок намуданд.
Дар идомаи роҳпаймоӣ дар Майдони парчами давлатӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавию фарҳангӣ доир гардид, ки дар қисмати расмии он, ёрдамчиии Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ ва муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал суханронӣ намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади қадрдоншиносӣ аз муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, иштирокчиёни он бо муҳаббату самимияти хосаи шаҳрвандӣ мавқеи худро дар робита ба эҳтирому садоқати бепоён ба ин рамзи муаррифгари миллат баён доштанд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сурудҳои ватандӯстона аз ҷониби ҳунармандон ва аҳли фарҳанги пойтахт пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.