БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАЪЮБОН
30 Ноябри 2023, Панҷшанбе
Дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, бахусус маъюбон ҳамчун бахши афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки пайваста барои таъмини хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба онҳо ва расонидани кумакҳои гуногун чораву тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад. Дар идомаи иқдомҳои болозикр чорабинии маърифатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар пойтахти мамлакат ба маъюбону ниёзмандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар баробари тадбирҳои дигари иҷтимоӣ барои болидахотирии ин табақаи ҷомеа мунтазам ҳамоишу чорабиниҳои маърифатӣ ташкилу баргузор мегардад. Ин навбат дар тарабахонаи «PREMIUM - Душанбе» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр дар сартосари ҷахон таҷлил мегардад, чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор шуд. Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон, директори Китобхонаи миллӣ, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ ва намояндагони расонаҳои кишвар иштирок намуданд. Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти "Китобхонаи миллӣ", намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани истиклолият то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра тахия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Дар чорабинӣ ба ширкатдорон тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби масъулин ба шарикони чорабинӣ барои ҳамкории судманд сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Зимнан, тибқи нақшаи чорабинии ташаббускорон дар бахши фарҳангӣ-фароғатии он ҳунармандони Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баромад намуданд. Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар тамоми дунё 3 декабр Рузи байналмилалии маъюбон таҷлил мегардад. Ҳадафи он мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад.